Ахири ҳафтаи гузашта дар доираи мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вохӯрии нахуст аз дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 2 ба шикаст мувоҷеҳ гардид.
Дастаҳои дигари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Қирғизистон низ бозиҳояшонро бохтанд. Дастаи Қирғизистон аз дастаи Сурия бо ҳисоби 0 бар 1 ва тими Туркманистон аз дастаи Ироқ бо ҳисоби 0 бар 4 ба нокомӣ дучор шуданд. Дастаи Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» се бозӣ гузаронида, дар ду бозӣ дастболо шуд ва имкони хуби ба даст овардани роҳхат ба давраи ниҳоиро доро аст.
Сармурабии дастаи Тоҷикистон Кемал Алиспахич пас аз анҷоми вохӯрӣ аз кори доварон изҳори норозигӣ намуда, гуфтааст, довар ду зарбаи 11-метрро ба дарвозаи Баҳрайн таъин накардааст. «Дар бозии оянда ба мо ҳатман ғалаба зарур аст», – иброз доштааст ӯ.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Малдив – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.