Дар Тоҷикистон то ҳол дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» ғайриимкон аст

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Тоҷикистон то ҳол дастрасӣ ба сомонаи яке аз хабаргузориҳои маъруфи «Азия-Плюс» – www.news.tj ғайриимкон аст. Шоми дирӯз дастрасӣ ба сомона қатъ гардид. Аз ширкатҳои фароҳамгарони Интернет ба идораи хабаргузорӣ дар бораи қатъи дастрасӣ огоҳинома расид. Аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон идора чунин огоҳинома нагирифтааст. Бино маълумоти ширкатҳои фароҳамсози […]

Азия-Плюс

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Тоҷикистон то ҳол дастрасӣ ба сомонаи яке аз хабаргузориҳои маъруфи «Азия-Плюс» –

www.news.tj

ғайриимкон аст.

Шоми дирӯз дастрасӣ ба сомона қатъ гардид. Аз ширкатҳои фароҳамгарони Интернет ба идораи хабаргузорӣ дар бораи қатъи дастрасӣ огоҳинома расид. Аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон идора чунин огоҳинома нагирифтааст.

Бино маълумоти ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон, «онҳо тавассути смс-иттилоот аз роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар ин хусус супориши дахлдор гирифта, супориши расмии хаттӣ вуҷуд надорад».

Бо вуҷуди ин, ҳамаи онҳо супориши роҳбари Хадамоти алоқаро ба иҷро расониданд.

Кӯшишҳои идораи хабаргузорӣ дар бораи гирифтани шарҳи ин амал бебарор анҷом ёфтанд. Намояндагони Хадамоти алоқа аз пешниҳоди маълумот умуман худдорӣ варзида, мегӯянд, ба он танҳо роҳбари хадамот Бег Зуҳуров салоҳият дорад. Айни замон идораи хабаргузорӣ шахсан бо Зуҳуров дар тамос шуда натавонист.

Дар ҳамин ҳол, тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона ба рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат дода мешавад. Таври маълум, субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб оғоз гардид. Робитаи телефонӣ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ манъ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» қатъ карда мешавад. Як моҳ қабл низ бинобар нашри шарҳи корбари сомона дар поварақи мавод дастрасӣ ба сомона қатъ гардида буд. Он замон низ идораи хабаргузорӣ аз Хадамоти алоқа пешакӣ огоҳинома нагирифта буд.

Чанде қабл раиси Хадамоти алоқа изҳор карда буд, ки барои таъсиси як комиссияи назорати маводи Интернет, ки ба андешаи ӯ, «ба унвони шахсони маъруфу соҳибэҳтироми кишвар хусусияту тавҳину таҳқиромез дошта, нуфузу эътибори Тоҷикистонро паст мезананд», ташаббус зоҳир сохтааст.

Ба эътиқоди ҷаноби Бег Зуҳуров, ба ҳайати комиссия афроди ихтиёрие шомил гардиданд, ки «худогоҳу бошуур буда, ба шукуфоии кишвари худ манфиатдоранд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.