Саҳми ИМА дар мубориза бо бемории СПИД дар саросари дунё

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — 22 то 27 июли соли ҷорӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия, Конфронси XIX-и байналмиллалӣ оид ба бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) мегузарад. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, олимон, мутахассисони соҳаи тиб, сиёсатмандон ва одамоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан, зарардидагон аз […]

Азия-Плюс

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — 22 то 27 июли соли ҷорӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия, Конфронси XIX-и байналмиллалӣ оид ба бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) мегузарад.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, олимон, мутахассисони соҳаи тиб, сиёсатмандон ва одамоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан, зарардидагон аз ВНМБ, барои баҳо додан ба мувафаққиятҳои охирин ва муайян кардани қадамҳои минбаъдаи муборизаи глобалӣ алайҳи аломати норасоии масунияти бадан барои иштирок дар конфронси AIDS 2012 ҷамъ омадаанд.

Конфронси XIX-и байналмиллалӣ оид ба бемории норасоии масунияти бадан яке аз калонтарин конфронси ҷаҳон мебошад, ки ягона масъалаи соҳаи тибро муҳокима мекунад ва бо дастгирии донорони зиёди давлатӣ ва хусусии ҷаҳон гузаронида мешавад. Имсол, аввалин шуда баъди 22 сол, конфронс дар ИМА гузаронида мешавад ва ба ҳукумати ИМА имконияти беҳамто медиҳад, ки ба мамлакатҳои дигар барои дастгирии ҷидду ҷаҳди глобалии мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан муроҷият намояд.

Дар Конфронси AIDS 2012 25 000 нафар аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ширкат меварзанд, аз ҷумла 2500 намояндагони воситаҳои ахбори омма. Дар конфронс се масъала муҳокима карда мешаванд: нуқтаҳои назари илмӣ, ҷалб намудани аҳли ҷамъият, инчунин дастурамалҳо ва маъсулият. Мувафаққиятҳои охирини илмӣ дар соҳаи муолиҷаи ВНМБ ва пешгирӣ аз бемориҳо ба воситаи биотиб бо якҷоягӣ ва пешравии мунтазам дар мамлакатҳои зимни тараққӣ қарордошта, дар тамоми ҷаҳон умед ва рӯҳбаландӣ эҳё намуданд.

Нақшаи Фавқуллодаи мубориза алайҳи БМНБ-и президенти ИМА дар Осиёи Миёна (PEPFAR) ба воситаи Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», CDC (Марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо) ва Ҳайати сулҳи ИМА амалӣ мегардад. Дар чорчубаи PEPFAR ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Миёна, бо мақсади зиёд кардани иқтидори муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои банақшагирии босамара, хизматрасонӣ ва назорат аз болои хизматрасонӣ барои табақаҳои таҳкиршудаи ҷамъият, ташкил карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.