Талафоти артиши ҳукуматӣ дар шарқи Тоҷикистон

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон ба талафот дучор шуда, 9 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ҳалок ва 25 тан ҷароҳат бардоштанд, – хабар медиҳад ИТАТ-ТАСС бо истинод ба як манбаъи наздик ба амалиёти мазкур. Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти махсуси […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон ба талафот дучор шуда, 9 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ҳалок ва 25 тан ҷароҳат бардоштанд, – хабар медиҳад ИТАТ-ТАСС бо истинод ба як манбаъи наздик ба амалиёти мазкур.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, ки ба қатли қатли ваҳшиёнаи Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ муттаҳам дониста мешавад, оғоз гардид. Амалиёт бо чархболҳову техникаи ҳарбӣ сурат мегирад.

Нерӯҳои ҳукуматӣ чанд тан аз аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонуниро нобуд сохта, якчанд нафарро боздошт намудаанд, ки миёни онҳо панҷ нафар афғонҳо низ ҳузур доранд. Айни замон дар шаҳри Хоруғ задухӯрди мусаллаҳона ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти рӯзномаи Имрӯз-News, дар қаламрави наздимарзии Бадахшони Афғонистон «ҷамъшавии низомиён ба мушоҳида мерасад, ки шумори ҷангиёнашон метавонад то ба 200 нафар расад.

Робитаи телефонӣ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ манъ шудааст.

Ба иттилои ИТАР-ТАСС, хадамоти иктишофии Тоҷикистон маълумот дар бораи гӯё дар қаламрави Бадахшони Афғонистон мутамарказ гардидани ҷангиёнро месанҷад. Дар ҳамин ҳол, ҳукуматдорон ба кӯчонидани аҳолии осоишта аз макони даргириҳо шитоб надоранд.

Хабаргузории Би-Би-Сӣ менависад, ин ҳодисаҳо ба он вобастаанд, ки ВМКБ чандин маротиба ба амалҳои ҳукуматдорон изҳори норозигӣ баён карда, онҳоро ба фасодкориву рафтори бераҳмона гунаҳкор кардаанд.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, дар минтақа нисбат ба ҳукумати марказӣ нуфузи пешвоёни ғайрирасмии Помир Бештар аст. Ба андешаи чанде аз коршиносон, ҳукумат ҳадафмандона амалиёти бузургмиқёси низомӣ доир месозад, ки на ба амалиёти боздошти қотилони генерал, балки бештар ба иқдоми ба ҳарос андохтан монанд аст.

Ёдрас мекунем, сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ ггенерали 56-сола Абдулло Назаров шоми 21-уми июл дар канори шаҳри Хоруғ кушта шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, сари роҳи автомашинаи ӯро як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони ҷавони номаълум банд карда, ӯро аз автомашина берун меоранд ва бераҳмона ба қатл мерасонанд. Гуфта мешавад, ҳамроҳи генерал дар автомашина се нафар ҳамтои мусаллаҳи ӯ низ будаанд, вале ба наҷоти ӯ нашитофтаанд. Айни ҳол сабабҳои чунин рафторро тафтишот мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.