Дар Душанбе далелҳои афви ғайриқонунӣ ошкор шуданд

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дурустии истифодаи қонуни афв ба муносибати 20-уминсолгарди ҷашни Истиқлолро мавриди санҷиш қарор дода, дар шаҳри Душанбе 10 далели ғайриқонунӣ озод шудани маҳбусон аз зиндонро ошкор намуданд. Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки инҳо асосан маҳбусоне мебошанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дурустии истифодаи қонуни афв ба муносибати 20-уминсолгарди ҷашни Истиқлолро мавриди санҷиш қарор дода, дар шаҳри Душанбе 10 далели ғайриқонунӣ озод шудани маҳбусон аз зиндонро ошкор намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки инҳо асосан маҳбусоне мебошанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Сардори Раёсати тафтишоти агентӣ Ҷамолҷон Муборов дар робита ба ин масъала гуфт, дар маҷмӯъ бо сабаби беморӣ 135 нафар афв шуда, аксари онҳо пас аз озодӣ дарҳол қаламрави кишврро тарк кардаанд, аз ин рӯ, тахмин кардан дар бораи мавҷуд будани маҳбусоне миёни онҳо, ки ғайриқонунӣ афв шудаанд, душвор аст. «Мо 36 нафар маҳбусони бо сабаби беморӣ афвшударо санҷида, зимни ташхиси такрорӣ ошкор гардид, ки 10 нафари онҳо комилан солим буда, бо маълумотномаҳои сохтаву бардурӯғ аз маҳбас озод шудаанд. Онҳо ба маҳбас барои идомаи адои муҳлати ҷазо баргардонида шуданд», – гуфт вай.

Ғайр аз ин, идома дод Муборов, пас аз ин далел комиссия маҳбусони бемореро санҷид, ки мавриди афв қарор нагирифтаанд ва муайян кард, ки 9 нафари онҳо дарвоқеъ ҳам беморанду бо сабабҳои номаълум афв нашудаанд. «Пас аз дахолати мо онҳо озод гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ду ҳолат нисбат ба шаш нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардид, ки панҷ нафар аз онҳо кормандони тиббӣ буда, дар бораи вазъи саломатии маҳбусон маълумотномаҳои қалбакӣ додаанд. Ғайр аз ин, прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз мансаб сабукдӯш шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.