Вохӯрии директори АНМН бо намояндаи нави ИА дар Осиёи Марказӣ

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел, […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел, ки ваколатҳои хизматиаш ба анҷом расиданд, ҳамчунин дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои асосии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳо дар масъалаҳои вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъдаи зиддимухаддиротӣ дар минтақа, бозомӯзии кормандон, ҳамчунин масъалаи дурнамои рушди вазъи вобаста ба маводи мухаддир баъди соли 2014, ки баровардани нерӯҳои асосии байналмилалӣ аз Афғонистон ба итмом мерасад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Агентӣ дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, муфассал нақл карда, меҳмонҳоро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.

Хонум Патрисия Флор ба масъалаҳои муҳокимагардида таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, изҳор кард, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки ҳиссаи ҷаноби Пйер Морел хеле арзанда мебошад, баҳои баланд доданд ва изҳори умед карданд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.