Фаттоҳ Саидов: Дар парвандаи Ҷӯраев ҳолатҳои нав пайдо шуданд

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ҳолатҳои нав пайдо шудаанд. «Бо дархости Ҷӯраев, ки ба ин ӯ ҳуқуқ дорад, мо тафтиши ҳуҷҷатгузории муҳосибӣ дар як қатор  иншооти ба ӯ мутаалииқро […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ҳолатҳои нав пайдо шудаанд.

«Бо дархости Ҷӯраев, ки ба ин ӯ ҳуқуқ дорад, мо тафтиши ҳуҷҷатгузории муҳосибӣ дар як қатор  иншооти ба ӯ мутаалииқро таъин намудем. То ҳанӯз натиҷаҳои тафтишот дастрас нашудаанд», – гуфт ӯ ва парвандаи Ҷӯраев ва ҳаммаслакони ӯро «яке аз душвортарин парвандаҳо номид, ки тафтишоти он муддати як сола идома дорад».

Саидов хотиррасон намуд, ки пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев аз Маскав тафтишоти парвандаи мазкур идома ёфта, дар ҷараёни он чанде аз мансабдорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб ва ба ҳабс гирифта шуданд. «Миёни онҳо собиқ корманди Прокуратураи генералӣ Рустам Олимов (айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноии бародарони Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо), адвокати бародари Ҷӯраев Бердиқул Расулов ва собиқ корманди Агентии зиддифасод, собиқ сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди ҷинояткории муташаккили ВКД Саидаҳтам Мудинов ҳузур доранд.

«Ғайр аз ин, нисбат ба собиқ муовини прокурори нақлиёт Шермат Нуров (соли 2009 – прокурори ноҳияи Восеъ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ӯ таҳти баёнот дар мавриди тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад. Ҳафтаи гузашта судяи Суди олии ҶТ Нур Нуров (солҳои 2008-2009 – судяи мурофиаи судӣ нисбат ба 33 нафар сокинони Исфара дар робита ба парвандаи Ҷӯраев) бо пешниҳоди президент аз мансаб сабукдӯш гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Собиқ сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Очил Очилов, ки он замон ба ҳайси муовини сардори гурӯҳи фаврии тафтишотӣ ифои вазифа мекард, низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни замон дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст ва ӯ то ҳол ба пайгарди қонунӣ эълон нашудааст», – номбар кард Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.