Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон – беш аз 1,9 млрд.$

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Тоҷикистон аз 60 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов. Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳаҳо аз 20 сарчашма маблағгузорӣ мешаванд. «Ин лоиҳаҳо асосан аз […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Тоҷикистон аз 60 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳаҳо аз 20 сарчашма маблағгузорӣ мешаванд. «Ин лоиҳаҳо асосан аз ҷониби Бонки осиёгии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Чин сармоягузорӣ мешаванд, – гуфт вай. – Ҳудуди 75%-и воситаҳои сандуқро қарзҳо, 3,7%-ашро бурсҳо ва 7,5%-ро саҳми ҳукумати Тоҷикистон, хоҷагӣ ва ҷамоатҳо ташкил медиҳанд».

Наҷмиддинов таъкид кард, ки тамоми воситахои сандуқ ба маблағгузории 12 бахши гуногуни иқтисоди Тоҷикистон равона гардидаанд. «Дар нимсолаи аввал аз ин воситаҳо 76,6 млн. доллари ИМА азхуд шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 20,6% бештар аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддинов иттилоъ дод, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми умумии сармоягузории ба ҷумҳурӣ воридшуда 134,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 74,1 млн. $ аз ҷониби корхонаву ташкилот ҷалб гардида, 60 млн. $ сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.