Манъи парвози беш аз 1 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли равон бо ҷорӣ гардидани низоми ягонаи муштараки онлайн барои санҷиши вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ба қаламрави Русия ба 1,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз ба Русия иҷозат дода нашуд, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов. Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли равон бо ҷорӣ гардидани низоми ягонаи муштараки онлайн барои санҷиши вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ба қаламрави Русия ба 1,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз ба Русия иҷозат дода нашуд, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов.

Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи хуб аст, зеро бо манъи саривақтии парвози ин нафарон ба Русия истирдоди онҳо аз Русия пешгирӣ шуда, маблағашон ҳам сарфа шуд.

Р.Холиқов ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки шаҳрванди аз Тоҷикистон санҷишро гузашта боз аз Русия ба ватан баргардонида шудааст.

«Чунин ҳолатҳо ба он вобастаанд, ки низоми Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия танҳо 80 дарсади афроди вурудашон ба Русия манъбударо фаро мегирад ва 20дарсади боқимонда дар рӯйхати Хадамоти федералии амнияти Русия қарор доранд, аммо то ҳанӯз ин хадамот маъълумот дар бораи ин шахсонро пешниҳод намекунад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки низоми ягонаи онлайн аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созмон дода шуда, муддати тамоми шабонарӯз фаъол аст. Тавассути ин низом ҳар нафари хоҳишманд бо пешниҳоди шиноснома дар муддати якчанд дақиқа то харидани билет метавонад дар бораи иҷозат ё манъи сафараш ба Русия маълумот ба даст орад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.