Афғонистон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон то 4,4 млн. кВт барқ мегирад

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ. Ба гуфтаи вазир, интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамҷавор тавассути хатти интиқоли […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.

Ба гуфтаи вазир, интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамҷавор тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ-Қундуз, ки соли гузашта ба истифода дода шуда буд, сурат гирифта, ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд ширкати «Помир-Энерҷи» низ минтақаи Бадахшони Афғонистонро бо барқ таъмин мекунад.

«Дар мавсими тобистон мо ба интиқоли то 600 МВт нерӯи барқ ба Афғонистон омодаем, лекин мавҷуд набудани хатҳои интиқоли барқ дар кишвари ҳамсоя ба ин имкон намедиҳад, – изҳор кард Гул Шералӣ. – Айни замон дар Афғонистон камбуди шадиди барқ эҳсос шуда, норасоии он дар шаҳрҳои Кобул қариб 100 МВт ва Қандаҳор беш аз 400 МВт-ро ташкил медиҳад».

Ба қавли номбурда,айни замон бо дастгирии молиявии ИМА корҳои сохтмони хатти интиқоли барқ ҷараён дорад, ки хатти интиқоли барқи Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ-Қундузро бо шабакаи барқии шаҳри Кобул мепайвандад ва бо анҷоми ин корҳо метавон ба таъмини пойтахти Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон шурӯъ кард.

Гул Шералӣ афзуд, феълан ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон низ нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.