Ф.Саидов: Тамоми макотиби олии кишвар комилан фасодзадаанд

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Айни замон тамоми макотиби олии кишвар комилан фасодзадаанд, – изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов. «Имтиҳоноти қабул ҳоло оғоз нашудаанд, вале мо аллакай ҳашт далели коррупсия дар макотиби олиро дар даст дорем, ки дар ҷараёни имтиҳоноти қабул дар макотиби […]

Азия-Плюс

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Айни замон тамоми макотиби олии кишвар комилан фасодзадаанд, – изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов.

«Имтиҳоноти қабул ҳоло оғоз нашудаанд, вале мо аллакай ҳашт далели коррупсия дар макотиби олиро дар даст дорем, ки дар ҷараёни имтиҳоноти қабул дар макотиби олии гуногун – Донишгоҳи тиббӣ, техникӣ, аграрӣ ва ғайра ошкор шуданд», – гуфт ӯ.

Ф.Саидов таъкид кард, ки дар Донишгоҳи тиббӣ чор далели ришваситонӣ ошкор шудааст. «Дар яке аз ҳолатҳо барои қабул ба ин донишгоҳ 18 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд», – иброз дошт вай.

«Феълан ришва тавассути се ва ҳатто чор нафар миёнаравон гирифта мешавад, то ки дастгиру исботи порагирӣ мушкил гардад, вале мо дар ин самт нақшаи чораҳои муайян андешидаем», – идома дод роҳбари Агентӣ.

Ӯ зикр кард, ки дар нимсолаи аввал ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар дар бахши кишоварзӣ (60 ҳолат) ба қайд гирифта шудаанд. «Дар соҳаи маориф – 36, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия – 23, вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 19 ва вазорати тандурустӣ – 16 далелҳои содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ сабт шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор карда буд, ки «Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олӣ аз фасодзадагӣ аст».

«Нисбат ба дигар макотиби олӣ Донишгоҳи тиббӣ дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа эҳсос мекунанд», – изҳор дошта буд он замон вазири тандурустӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.