Душанбеи расмӣ: Зимни амалиёт дар Хоруғ 42 нафар ба ҳалокат расид

Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти нахустини расмӣ дар бораи талафот зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғро интишор карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хоруғ 42 нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи Бӯриев, миёни […]

ASIA-Plus


Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти нахустини расмӣ дар бораи талафот зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғро интишор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хоруғ 42 нафар ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи Бӯриев, миёни ҳалокшудагон 30 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ мебошанд. Ғайр аз ин, 40 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, ки ҳашт нафарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Ҳамчунин 23 нафар ҷароҳат бардошта, аз аҳолии осоишта касе осеб надидааст.

Айни замон марҳилаи фаъоли амалиёт ба итмом расида, поккории мавзеъ идома дорад. Изҳороти муштараки КДАМ ва ВКД ҳамчунин тавассути тамоми шабакаҳои телевизиони давлатӣ пешкаш гардид.

Ёдрас мекунем, ки субҳи дирӯз амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков оғоз гардид. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, афсарону сарбозони маҷрӯҳ ба Душанбе интиқол дода мешаванд. Ба беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ 13 маҷруҳон оварда шуда, яке аз онҳо дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин дар назди госпитали низомии Душанбе миқдори зиёди одамон ба мушоҳида мерасанд. Ба ин ҷо ҷасадҳои кушташудагон интиқол дода мешаванд. Ҳарду беморхона таҳти муҳофизаву нигоҳбонӣ қарор дода шуда, аксгириву наворбардорӣ дар назди он манъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.