Э.Раҳмон аз сафар ба Олимпиадаи Лондон даст кашид

Сафари имрӯз пешбинишудаи президенти Тоҷикистон ба шаҳри Лондон доир намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ҳамин ҳол, манбаъ сабаби аз сафар даст кашидани сарвари давлатро ба маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон, ки пагоҳ доир мегардад, шарҳ дода натавонист. Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, имрӯз […]

Аваз Юлдошев


Сафари имрӯз пешбинишудаи президенти Тоҷикистон ба шаҳри Лондон доир намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ сабаби аз сафар даст кашидани сарвари давлатро ба маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон, ки пагоҳ доир мегардад, шарҳ дода натавонист.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, имрӯз дар шаҳри Лондон вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо дастаи олимпичиёни тоҷик пешбинӣ гардида буд.

Коршиносон сабаби аз сафари Лондон даст кашидани сарвари давлатро ба рӯйдодҳои ахир дар Хоруғ нисбат медиҳанд, ки дар он ҷо дар робита ба амалиёти низомӣ алайҳи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ то ҳанӯз вазъ муташанниҷ боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.