Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз қарори судҳо шикоят доранд

Date:


Дар нимсолаи аввали соли равон ба унвони Ваолатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон 278 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Азиз Солиев хабар дод, аз миқдори умумии муроҷиатҳо 41 адад шикоят ба қарорҳои судӣ, 6 шикоят нисбат ба мақомоти прокуратура, 17 шикоят ба ВКД, шаш шикоят ба Вазорати адлия, 4 шикоят ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, панҷ шикоят ба комиссариатҳоиҳарбӣ ва як шикоят ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл доранд.

«Муроҷиат ва шикоятҳои дигар ба фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марбутанд», – қайд кард Солиев.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми арзу шикояти шаҳрвандон таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гирифта шуда, барои ҳалли онҳо санҷишҳои дахлдор гузаронида шуданд.

«Айни замон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои тиббӣ, беморони рӯҳӣ, истифодаи шиканҷа ва ҳуҷҷатгузории он ва риояи ҳуқуқи кӯдак ба итмом расид. Ояндаи наздик натиҷаҳои мониторинг ба мақомоти марбутаи давлатӣ ва васоити ахбори умум пешниҳод хоҳанд шуд», – афзуд Солиев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...