Кушта шудани пешвои бахши вилоятии ҲНИТ дар Хоруғ

Рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хоруғ роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоеви 32-сола кушта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИт хабар доданд, онҳо то ҳол дар бораи марги роҳбари бахш дар ВМКБ маълумоти дақиқ дар даст надошта, танҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ аз он огаҳӣ пайдо кардаанд. […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хоруғ роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоеви 32-сола кушта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИт хабар доданд, онҳо то ҳол дар бораи марги роҳбари бахш дар ВМКБ маълумоти дақиқ дар даст надошта, танҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ аз он огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар ҳамин ҳол, дар қароргоҳи ҳизб гуфтанд, аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ӯ дигар бо онҳо дар тамос нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Youtube як наворе аз гирдиҳамойии Хоруғ гузошта шудааст, ки як рӯз қабл аз оғози амалиёти низомӣ баргузор шудааст ва дар он аён аст, ки яке аз суханронҳо Сабзалӣ Мамадризоев аст.

Сабзалӣ Мамадризоев аз моҳи июли соли 2011 ба бахши ҲНИТ дар ВМКБ роҳбарӣ мекард. То ин замон бахши ҲНИТ дар ВМКБ муддати як соли ахир пас аз марги нобаҳангоми собиқ раиси бахш Сироҷ Калонов бидуни роҳбар фаъолият дошт. Тамоми ин муддат ҲНИТ дар ҷустуҷӯйи номзади арзанда ба ин мансаб буд. Тибқи маълумот, ба аввали соли 2012 ба сафи ҲНИТ 3 ҳазор нафар сокинони ВМКБ шомиланд.



Акс аз навори видеоӣ дар интернет.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.