Ваъдаи ба ҷавобгарӣ кашидани танҳо се нафар дар рӯйдодҳои Хоруғ

Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон фармон дар бораи афви иштирокчиёни даргириҳои низомӣ дар Хоруғро ба имзо мерасонад. Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, зимни гуфтушуниди навбатӣ миёни намояндагони Душанбеи расмӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ чунин созиш ба даст омадааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки танҳо Толиб Айёмбеков ва ду нафари […]

ASIA-Plus


Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон фармон дар бораи афви иштирокчиёни даргириҳои низомӣ дар Хоруғро ба имзо мерасонад.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, зимни гуфтушуниди навбатӣ миёни намояндагони Душанбеи расмӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ чунин созиш ба даст омадааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки танҳо Толиб Айёмбеков ва ду нафари дигар, ки мустақиман дар қатли генерал Абдулло Назаров гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Боз ду нафаре, ки шоҳиди содир гардидани ин ҷиноят шудаанд, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин пешакӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи Имомназар Имомназаров, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков гвардияи махсусе таъсис дода хоҳад шуд, ки баҳри таъмини амният дар ВМКБ бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ мекунад.

«Ҳуҷҷатҳои дахлдор дар ин хусусро мо омодаем, ки танҳо дар ҳузури намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва кафолати ин созмон дар бораи иҷрои тамоми шартҳои ин аснод ба имзо расонем, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» И. Имомназаров. – Намояндагони ҳукумат ба мо ваъда доданд, ки бо оғози супурдани аслиҳа онҳо ба хурӯҷи нерӯҳо аз қаламрави вилоят шурӯъ мекунанд, вале ҳарчанд аллакай аслиҳаи зиёде таслим шуда бошад ҳам, онҳо ба ин амал даст назадаанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.