Волидайни сарбозону афсарон барқарор кардани робитаро дархост карданд

Волидайни афсарону сарбозони Артиши Тоҷикистон аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки ба барқарор кардани робита бо фарзандонашон дар шаҳри Хоруғ мусоидат намояд. Як гурӯҳ падару модароне, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» бо дархост ба унвони президент муроҷиат намуданд, муддати як ҳафта аст, ки бо фарзандони худ дар тамос буда наметавонанд. «Мо ба хубӣ […]

ASIA-Plus


Волидайни афсарону сарбозони Артиши Тоҷикистон аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки ба барқарор кардани робита бо фарзандонашон дар шаҳри Хоруғ мусоидат намояд.

Як гурӯҳ падару модароне, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» бо дархост ба унвони президент муроҷиат намуданд, муддати як ҳафта аст, ки бо фарзандони худ дар тамос буда наметавонанд.

«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки фарзандонамон дар назди халқу ватан қарзи худро ба иҷро мерасонанд, вале давлат ҳам ҳадди аққал ягон қарзеро назди онҳо бояд ба уҳда дошта бошад. Мо бовар надорем, ки вазъи саломатӣ ва шароити будубоши фарзандони мо сирри давлатӣ буда, ба ҷараёни баргузории амалиёт халал ворид месозанд», – мегӯянд падару модарон.

Онҳо ҳамчунин фаъолияти васоити ахбори умуми давлатии Тоҷикистон, хадамоти матбуоти сохторҳои қудратӣ оид ба инъикоси рӯйдодҳо дар Хоруғро ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

«Муддати ҳашт рӯз аст, ки онҳо аз ҷойи ҳодиса ягон маълумоти саҳеҳе намедиҳанд ва ин ба овозаҳои гуногун дар ҷомеа боис гардида, ба вазъи саломатии волидайн ва наздикони сарбозону афсарон таъсири манфӣ мегузорад. Магар ҳар субҳ аз шабакаи телевизионҳои давлатӣ иттилоъ пахш намудан дар бораи вазъи ороми Хоруғ дар шаби гузашта сирри давлатӣ бошад?», – таъкид месозанд онҳо.

Ғайр аз ин, падару модаронро муносибати роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар нисбат ба оилаҳои сарбозону афсарон қонеъ намесозад.

«Мо мефаҳмем, ки генералҳои сершумори сохторҳои қудратӣ ба ҳалли вазифаҳои «фаврӣ» машғуланд, вале онҳо ба дарки он намерасида бошанд, ки ба зертобеъи худ супориш бидиҳанд, аққалан муддати ду рӯз як бор гӯшаки телефонро бардошта, дар бораи фарзандони мо маълумот бидиҳад», – изҳор доштанд волидайни афсарону сарбозоне, ки дар амалиёти низомии Хоруғ иштирок доранд.

Онҳо муътақиданд, ки чунин муносибат ба оилаҳои муҳофизони ватан минбаъд ба обрӯву эътибори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.