Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумони Белорус

Ду нафар намояндаи Тоҷикистон дар маъракаи интихобот ба палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус ширкат хоҳанд варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок […]

Аваз Юлдошев


Ду нафар намояндаи Тоҷикистон дар маъракаи интихобот ба палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон пешбарии номзадҳо ба маъракаи интихобот ба парлумони Белорус оғоз гардид. Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус 23-юми сентябр доир мегардад. Айни замон мухолифини кунунии ҳукумати Белорус оид ба ишттирок дар парлумон ба як қарори ягонаи қатъӣ наомадаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.