Бозгашти атфоли тоҷик аз хонаҳои кӯдакони Маскав

Хадамоти пешгирии қонуншиканиҳо миёни ноболиғони Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба бозгашти атфоли тоҷик ба ватан аз хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мусоидат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, синнусоли ин кӯдакон аз якчанд моҳ то сесоларо ташкил дода, ҳамаи онҳо тарбиятгарони хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мебошанд. «Ин кӯдакон […]

Меҳрангез Турсунзода


Хадамоти пешгирии қонуншиканиҳо миёни ноболиғони Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба бозгашти атфоли тоҷик ба ватан аз хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мусоидат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, синнусоли ин кӯдакон аз якчанд моҳ то сесоларо ташкил дода, ҳамаи онҳо тарбиятгарони хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мебошанд.

«Ин кӯдакон дар оилаҳои номусоид ба дунё омада, падарони аксари онҳо дар зиндонанд ва ё бархе аз волидайни онҳо бемор буда, ба тарбияи фарзандони худ имкон надоранд, – мегӯяд вай. – Ба нигоҳубину тарбияи онҳо дар хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав низ шароит фароҳам буд, вале онҳо оянда шаҳрванди Русия мешуданд, аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро дар ватанашон ба тарбия фаро гирем. Айни замон онҳо дар хонаҳои кӯдакони № 1 ва № 2-и пойтахт маскунанд».

М.Асадуллоев зикр кард, ки феълан ин кӯдакон дар таъминоти давлат қарор дошта, вале бо хоҳишу дархост ва доро будани имкони тарбия, шаҳрвандон бидуни монеъа метавонанд онҳоро ба фарзандӣ қабул намоянд.

Сардори маркази матбуоти ВКД дар бораи шумори дақиқи кӯдакони тоҷик, ки айни замон дар хонаҳои кӯдакони Русия тарбия мегиранд, маълумот дода натавонист. «Агар дар ВКД аз шумори дақиқи ин гуна кӯдакон огоҳӣ медоштанд, тамоми имконоти мавҷуда баҳри ба ватан баргардонидани онҳоро истифода мекарданд, – гуфт Асадуллоев. – Мо дар ин самт ба корҳо тақвият бахшида, кӯшиш мекунем, ки ин гуна кӯдаконро ба Тоҷикистон баргардонем, зеро дар хонаҳои кӯдакони ҷумҳурӣ шароити хеле хуб фароҳам аст».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон доир ба дар хонаҳои махсуси кӯдакони ҷумҳурӣ бо тарбия фаро гирифта шудани 20 ҳазор нафар кӯдакон маълумот интишор намуд. Ҳар моҳ барои ҳар кадоме аз онҳо аз буҷети кишвар ҳудуди 800 сомонӣ (165 $) маблағ ҷудо мегардад.

Ғайр аз ин, бо супориши сарвари давлат дар остонаи тамоми идҳои диниву давлатӣ муассисаҳои давлативу хусусӣ ва афроди алоҳидаи дорову сарватманд ба хонаҳои кӯдакон, пиронсолон ва эҳтиёҷмандон ҳамаҷониба кӯмак мерасонанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.