Кӯмаки раиси вилояти Суғд ба касбомӯзии занони камбизоат

Дар Маркази иттилоотиву машваратии шаҳри Хуҷанд 293 нафар духтарону занон аз оилаҳои камбизоат соҳиби касб шуданд. Маркази мазкур 8-уми марти соли 2012 дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мазкур Нигина Аҳмедова хабар дод, дар ин марказ занону духтарон […]

Мавлуда Рафиева


Дар Маркази иттилоотиву машваратии шаҳри Хуҷанд 293 нафар духтарону занон аз оилаҳои камбизоат соҳиби касб шуданд.

Маркази мазкур 8-уми марти соли 2012 дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мазкур Нигина Аҳмедова хабар дод, дар ин марказ занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон касб меомӯзанд. «Ба онҳо малакаву нозукиҳои касбҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, ороиши мӯй ва ғайра омӯзонида шуда, ҳамчунин занону духтарон забони англисиву форсӣ ва кор бо компютерро азхуд мекунанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, музди меҳнати омӯзгорони марказ дар ҳаҷми 400 сомонӣ аз ҳисоби шахсии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода пардохта мешавад.

«Дар назди Маркази иттилоотиву машваратӣ ҳамчунин ҳуқуқшинос фаъолият дошта, ба занону духтарон дар ҳалли масоили ҳифзи ҳуқуқ ройгон кӯмак мерасонад», – иброз дошт номбурда.

Нигина Аҳмедова ҳамчунин афзуд, ба ин монанд марказҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят таъсис дода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат