Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нашриёти «Жэнминван»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, китоби таълифнамудаи «17 лаҳзаи олимпӣ»-и сафири Тоҷикистон дар ин кишвар – Рашид Олимовро аз чоп баровард.
Ин китоб бевосита дар рӯзҳои баргузории Олимпиадаи Пекин таълиф гардида, ба ҳамаи иштирокдорон ва ташкилкунандагони бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ бахшида шудааст. Китоб аз 17 эссе иборат буда, мавзӯъҳои варзиш ва дӯстии халқҳоро ба ҳам муттаҳид сохтааст.
Аз ибтидо, онҳо пайдарпай тавассути сомонаи русзабони «Жэнминван» интишор мешуданд, ки ҳамарӯза бо эссеҳои Рашид Олимов дар сартосари ҷаҳон наздики 200 ҳазор нафар шинос мегардид. Бояд гуфт ин китоби дуюми сафири ҷумхурии мо дар Чин аст, ки ба табъ мерасад.


