АМИТ «Ховар»: Толиб Айёмбеков ба мақомот таслим шуд

Шоми рӯзи 12-уми август Толиб Айёмбеков тариқи телевизиони вилоятӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки «ману бародаронам ба хотири оромӣ дар вилоят ва қоимии сулҳу салоҳ дар саросари ҷумҳурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим мешавем». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. Бино ба маълумоти хабаргузории мазкур, ӯ, дигаронро низ даъват кардааст, ки силоҳҳои ғайриқонуниро ба […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи 12-уми август Толиб Айёмбеков тариқи телевизиони вилоятӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки «ману бародаронам ба хотири оромӣ дар вилоят ва қоимии сулҳу салоҳ дар саросари ҷумҳурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим мешавем». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти хабаргузории мазкур, ӯ, дигаронро низ даъват кардааст, ки силоҳҳои ғайриқонуниро ба замин гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, рӯзи якшанбе миёни нерӯҳои ҳукумат ва Толиб Айёмбеков гуфтушунид сурат гирифтааст. Гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида доир гардида, дар бораи ҷузъитёи он маълумот дода нашудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 10-уми август, ду тан аз гумонбаршудагон дар қатли генерал Назаров ба мақомот таслим шудаанд. ВКД Тоҷикистон бо мақсади халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои номи онҳо худдорӣ варзида буд.

Аммо радиои «Озодӣ» бо такя ба маълумоти як корманди баландпояи Раёсати ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин ду нафари таслимшуда бародари Толиб Айёмбеков – Оқил Айёмбеков ва ронандаи ӯ Ҳамзаи Гулназар мебошанд.

Намояндаи Раёсати корҳои дохилии ВМКБ ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, дар ҷараёни гуфтушунид бо роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ВМКБ бо миёнаравии Гурӯҳи-20 дар бораи ба ҳукуматдорон супурдани айбдоршавандагон мувофиқа ҳосил шудаааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова