Вазорати рушди иқтисод: Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96 дар Тоҷикистон ба меъёр ҷавобгӯ нестанд

Date:



           

Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96, ки

 

дар Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шудаанд, ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.





           

Тавре сардори шӯъбаи рушди рақобат ва зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Акбар Хоҷаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи бензин ба ҷумҳурӣ ворид нагардидааст ва фурӯшандагони он харидоронро ба гумроҳӣ андохтаанд.




           

Ба иттилои манбаъ, чунин навъи бензинҳои қалбакӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллаҳои Яккачинор-119, Борбад-1 ва ҶДММ «Нақлиётгаз» фурӯхта мешуданд.




           

А.Хоҷаев мегӯяд, чунин ҳодисаҳо зимни санҷиши гузаронидаи гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, «Агентии «Тоҷикстандарт» ва Бонки Миллӣ ошкор карда шуданд.




           

Зикр гардид, ки ба ҷуз сифати маҳсулот, инчунин арзиш ва ҷараёни тағйирёбии он низ санҷида шудааст. «То ахири моҳи ноябр арзиши он ба 2 сомониву 60 дирам баробар шуда, ахири сол коҳиши нархи он дар муқоиса бо арзиши имрӯза ба андозаи 20 дарсад камтар хоҳад шуд», – афзуд сарчашма.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...