Вазорати рушди иқтисод: Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96 дар Тоҷикистон ба меъёр ҷавобгӯ нестанд

            Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96, ки   дар Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шудаанд, ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.             Тавре сардори шӯъбаи рушди рақобат ва зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Акбар Хоҷаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи бензин ба ҷумҳурӣ ворид нагардидааст ва фурӯшандагони он […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96, ки

 

дар Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шудаанд, ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.





           

Тавре сардори шӯъбаи рушди рақобат ва зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Акбар Хоҷаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи бензин ба ҷумҳурӣ ворид нагардидааст ва фурӯшандагони он харидоронро ба гумроҳӣ андохтаанд.




           

Ба иттилои манбаъ, чунин навъи бензинҳои қалбакӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллаҳои Яккачинор-119, Борбад-1 ва ҶДММ «Нақлиётгаз» фурӯхта мешуданд.




           

А.Хоҷаев мегӯяд, чунин ҳодисаҳо зимни санҷиши гузаронидаи гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, «Агентии «Тоҷикстандарт» ва Бонки Миллӣ ошкор карда шуданд.




           

Зикр гардид, ки ба ҷуз сифати маҳсулот, инчунин арзиш ва ҷараёни тағйирёбии он низ санҷида шудааст. «То ахири моҳи ноябр арзиши он ба 2 сомониву 60 дирам баробар шуда, ахири сол коҳиши нархи он дар муқоиса бо арзиши имрӯза ба андозаи 20 дарсад камтар хоҳад шуд», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...