Захмӣ шудани иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ

Нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки субҳи имрӯз дар робита ба қатли пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада буданд, тир кушоданд . Ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ду тан аз тазоҳургарон захмӣ шудаанд. Субҳи имрӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров […]

ASIA-Plus


Нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки субҳи имрӯз дар робита ба қатли пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада буданд, тир кушоданд

.

Ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ду тан аз тазоҳургарон захмӣ шудаанд.

Субҳи имрӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров ҳузур доштанд, назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳам омаданд. «Аз издиҳом ба суӣ бино сангафканӣ оғоз гардид. Дар посух тирапрронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду тан аз тазоҳургарон аз пояшон захмӣ шуданд», – гуфт хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Баъди чанде сокинони Хоруғ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Тазоҳургарон ҳукуматдоронро ба даст доштан дар куштори И.Имомназаров ва ҳамчунин риоя накардани шартҳои ҳосилшуда дар гуфтушунид оид ба халъи силоҳ ва хурӯҷи нерӯҳои низомӣ айбдор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки тақрибан соати 4-и субҳи имрӯз яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ бо партоби норинҷак ва тирпарронӣ аз автомат кушта шуд. Имомназаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародараш захмӣ ва ба шифохона мунтақил гардид.

И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.