Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ бо сафари расмии дурӯза ба Туркманистон меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов имзои як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст. Дар ҳамин ҳол, бинои ба иттилои […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ бо сафари расмии дурӯза ба Туркманистон меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов имзои як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, бинои ба иттилои васоити ахбори умуми Туркманистон, санаи 20-уми август дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бо ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсӣ Зафар Саидов мулоқот доир гардидааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКХ-и Турманистон, дар ин мулоқот баррасии масъалаи сафари қарибулвуқӯи президенти Тоҷикистон ба Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст.

Зикр гардидаст, ки вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи олӣ дар Ашқободро дар Тоҷикистон зинаи нави муҳими густариши дӯстиву ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.