Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар мекунад

Ахири моҳи август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, инҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти сарони кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё худ Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда, ки аз 29 то 31-уми август дар пойтахти Эрон доир мегардад, ширкат хоҳад […]

Аваз Юлдошев


Ахири моҳи август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, инҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти сарони кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё худ Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда, ки аз 29 то 31-уми август дар пойтахти Эрон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Ба иттилои манбаъ, алҳол дар доираи кори ин нишаст баргузор гардидани мулоқоти сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон маълум нест, вале «бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва дӯстии шахсии Эмомалӣ Раҳмону Маҳмуди Аҳмадинажод метавон ҳадс зад, ки ин мулоқоти хосса баргузор хоҳад шуд».

Ҷунбиши адами тааҳҳуд созмони байнулмилалӣ буда, соли 1955 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он 118 кишвар шомиланд, ки ҳамроҳ нашудан ба ҳеҷ кадоме аз эътилофу иттиҳодҳоро эълом доштаанд. Нишастҳои ҳаракат дар сатҳи сарони кишварҳои узв 15 маротиба доир гаштаанд. Нишасти охирини ин Ҷунбиш аз 11 то 16-уми моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуд. Ҳайати Ҳаракат аз 53 кишвари Африқо, 39 давлати қораи Осиё, 26 кишвари Амрикои Лотинӣ ва 1 давлати Аврупо иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.