Вохӯрии дипломати тоҷик бо роҳбари гурӯҳи ширкатҳои KASB дар Покистон

Чанде  қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB-и Покистон Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ масоили вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик таъкид кард, ки дар робита ба сатҳи нав касб кардани муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, зарурати рушди минбаъдаи […]

Аваз Юлдошев


Чанде  қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB-и Покистон Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ масоили вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик таъкид кард, ки дар робита ба сатҳи нав касб кардани муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои сохтмону таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузории ҳадафнок ба бахшҳои мушаххаси иқтисоди Тоҷикистон ба миён меояд.

Носир Алӣ Шоҳ Бухорӣ аз ин пешниҳодот пуштибонӣ намуда, зир кард, ки гурӯҳи ширкатҳои молиявӣ-сармоягузории KASB оид ба сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисод аз имконоти молии хуб ва таҷриба ғанӣ бархӯрдор аст.

 «KASB метавонад ба рушди бахшҳои молиявиву бонкӣ, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ, бахши сайёҳӣ, ҳамлу нақли бор ва роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим миёни кишварҳо мусоидат намояд», – гуфт ӯ.

Раиси KASB ҳамчунин изҳор кард, ки роҳандозии муносибатҳои корӣ бо Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон ва ташкили интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз Покистон ба Тоҷикистон ба нафъи ҳарду ҷониб аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.