Дар Душанбе ширкати нави истифодаи партовҳои тиббӣ муаррифӣ мегардад

Date:


Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ширкати тозае мавсум ба «ТИББЕКО сервис», ки дар соҳаи истифодаи партовҳои тиббӣ фаъолият хоҳад кард, муаррифӣ мегардад.




Тавре аз ширкати номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ сурат гирифта, он бо мақсади омӯзиши 300 корманди тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо тарзи рафтори бехатар ҳангоми сарукор бо таҷҳизоти тиббии зараровар пас аз истифода доир мегардад.



Тибқи нақшаи пешбинишуда, иштирокдорон бо фаъолияти лоиҳаи муштараки Хадамоти назорати санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҶДММ «ТИББЕКО-сервис» бо номи «Омӯзиш ва дастгирӣ» шинос мешаванд.



Дар машварати корӣ кормандони вазорати тандурустӣ, адлия, Маркази мубориза зидди бемории СПИД, бемории сил, раёсати ҳифзи муҳити зист ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...