Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС хориҷ мешавад

Date:



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Фергана.Ру» – Хабаргузории Регнум бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамад дар мақомоти раҳбарии яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) даст мекашад.





           

Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ба Котиботи ЕврАзЭС тахминан рӯзҳои 16-17-уми октябр санади расмие дар ин хусус ирсол кардааст ва тибқи баъзе маълумот, акнун дар Тошканд то 25-уми ноябр посухи тартиби хориҷ шудан аз иттиҳодро интизоранд.




           

Дар хадамоти матбуоти ЕврАзЭС ба хабаргузории Фергана.Ру аз шарҳи ин матлаб худдорӣ намуданд. Сухангӯи дабири кулли иттиҳод Вячеслав Ковалев ба оҷонсии Регнум изҳор доштааст, ки чандест ӯ бемор аст ва аз ин қазия хабар надорад.




           

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва шореҳи байнулмилалии газетаи «Время новостей» Аркадий Дубнов ба хабаргузории Фергана.Ру изҳор доштааст, ки сарчашмаҳои воломақоми дипломатии ӯ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва кишварҳои минтақа низ иттилоот дар бораи хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС-ро тасдиқ кардаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...