Ба назди раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ ҳимоятгаронро роҳ намедиҳанд

Date:


Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ муддати 10 рӯз аст, ки бо зерҳимояаш вохӯрда наметавонад.

Ҳангоми амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев бедарак шуда, пас аз гузашти ду ҳафта маълум шуд, ки ӯ дар тавқифгоҳи КДАМ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ӯ ва ҳимоятгари дигари боздоштшуда Бобохон Яқубов барои вохӯрии танҳо ба танҳо бо Шерик Карамхудоев ба унвони муфаттиш, сардори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ва ҳамчунин прокурори генералӣ 4 дархост фиристодаанд.

«Қаблан муфаттишон ҳозир набудани сардори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро баҳона карда, ба ҳар ҳол, санаи 6-уми сентябр барои вохӯрӣ бо зерҳимояамон ба мо розигии хаттӣ доданд, вале чун мо ба вохӯрӣ ҳозир шудем, вале он ҷо акнун дар посухи хаттии муфаттиш иштибоҳ пайдо карда, бо ин баҳона боз моро ба вохӯрӣ роҳ надоданд», – қайд кард Б.Ёров.

Ба гуфтаи вай, ҳимоя бар ин назар аст, ки «мақомоти дахлдор огоҳона ба вохӯрӣ бо Ш.Карамхудоев монеъа эҷод месозанд, то ки аз ошкор шудани баъзе далелҳои ба имиҷи кишвар зараррасон ҷилавгирӣ намоянд».

Ёров афзуд, то ҷое, ки ӯ огаҳӣ дорад, Ш.Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералӣ изҳоротеро пахш намуд, ки дар он аз ҷумла раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоевро дар муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ гунаҳкор донист.

Дар ахбор зикр гардида буд, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О. – раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Ш. Карамхудоев шаби 23-юми июли соли 2012 бо даъвати додари И.О. Имомназаров – Султонназар Имомназаров ба қаҳвахонаи «Алёш»-и шаҳри Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ омадаанд. С. Имомназаров бо супориши бародараш И.О. Имомназаров ба ӯ ва дигар ҷавонон либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон, аз қабили пулемёти Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамёт, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21-нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-юм ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва дигар воситаҳои тарканда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намудаанд.

Дар робита ба фаъолияти ҲНИТ дар Хоруғ Прокуратураи генералӣ аз қавли Шерик Карамхудоев иттилоъ дода буд, ки «ягон аъзои ҳизб аъзоҳаққӣ насупорида, баръакс кормандони бахшҳои ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он тавассути ӯ ҳар моҳ 600 сомонӣ аз ҳисоби ҲНИТ мегирифтаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми июл зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ Ш.Карамхудоев бедарак шуда, санаи 8-уми август маълум шуд, ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе қарор дорад. 23-юми август дар Хоруғ раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоев кушта шуд. Айнт замон беш аз 3 ҳазор нафар аҳолии Бадахшон аъзои ҲНИТ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...