Дар Остона масъалаи таҳкими сулҳ дар Осиё баррасӣ мешавад

Date:


Имрӯз дар шаҳри Остона вохӯрии чоруми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкории мутақобила ва эътимод дар Осиё ба кор шурӯъ намуда, Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров намояндагӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар вохӯрии мазкур эъломияе қабул хоҳад шуд, ки бояд ба кӯшиши машварат дар таҳкими сулҳ ва амният дар қораи Осиё такони ҷиддӣ бахшад.

Дар вохӯрӣ атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳо дар доираи машварат, вазъи минтақаи Шарқи Наздик, Африқои Шарқӣ ва Афғонистон ва масоили пешгирии паҳни аслиҳаи қатли ом табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Вохӯриро президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар кори он ҳайатҳои 24 кишвари узв, вазирони корҳои хориҷии 8 давлат ва намояндагони 14 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related