Вазорати тандурустии Тоҷикистон дархост кардааст, то воридоти маҳсулоти ғизоии ширдори истеҳсоли Чин манъ карда шавад

Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли нома унвонии Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати фаъолияти фарматсевтӣ, аз ин ниҳодҳо хостааст, то воридоти маҳсулоти ғизоии дар таркибашон ширдоштаи истеҳсоли Ҷумхурии Мардумии Чинро ба Тоҷикистон манъ намоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати беҳдошти мамлакат хабар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли нома унвонии Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати фаъолияти фарматсевтӣ, аз ин ниҳодҳо хостааст, то воридоти маҳсулоти ғизоии дар таркибашон ширдоштаи истеҳсоли Ҷумхурии Мардумии Чинро ба Тоҷикистон манъ намоянд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати беҳдошти мамлакат хабар доданд, чунин қарор баъди заҳролудшавии кӯдакон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дар натиҷаи истеъмоли шир, маҳсулоти ширӣ ва қаннодии дар таркибашон ширдоштаи истеҳсоли Хитой қабул гардид.



«Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳангоми баровардани чунин маҳсулот, истеҳсолкунандагони чиноӣ аз маводи ба саломатии инсон зараровари «меланин» истифода мекардаанд», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки дар натиҷаи истеъмоли ин гуна маҳсулот, дар сартосари ҷаҳон даҳҳо ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.