Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ тибқи дурнамо дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони 238 ҳазору
800 гектар
замин шудгор ва кишти тирамоҳии
ғалладона, картошка ва сабзавот
гузаронида мешавад. Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ то 10.11.08 дар ҷумҳурӣ дар майдони
70575 гектар
шудгор ва кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 29,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона бошад, мувофиқи нақша 229 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад, ки то имрӯз
майдони 69339 гектари он кишт карда шудааст,
ки ин 30,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбати соли гузашта
26258 гектар
зиёд мебошад. Инчунин дар ҷумҳурӣ дар майдони
58588 гектар
кишти такрории гандум гузаронида шудааст.
Дурнамои кишти тирамоҳӣ
дар
заминҳои обӣ бошад, 170 ҳазор гектар мебошад, ки
майдони 70232 гектари он шудгор ва кишт карда шудааст.
Дар асоси дурнамо дар майдони
3250 гектар
кишти тирамоҳии картошка
ва дар майдони
6050 гектар
кишти тирамоҳии сабзавот гузаронида
мешавад. Тибқи дурнамо то имрӯз дар ҷумҳурӣ дар майдони
16 гектар
кишти картошка ва дар майдони
2458 гектар
кишти сабзавот гузаронида
шудааст.
Шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ давом дорад. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.






