Камбуди шадиди гази моеъ дар Хуҷанд

Date:


Рӯзҳои ахир бар асари камбуди шадиди гази моеъ аксари нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов, чанде қабл  ширкати «Хуҷанднафтугаз» аз Қазоқистон 27 вагон гази моеъ ворид намуда, ин мушкилот ҳал мешавад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки айни замон 65-70%-и нақлиёти ҷамъиятӣ ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд. Феълан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории вилояти Суғд арзиши 1 литр гази моеъ ба 3,60-3,70 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта қимати он 3 сомонӣ ва якуним моҳ пештар 1 сомониву 80 дирамро ташкил медод.

Дар робита ба якбора ба андозаи хеле зиёд болоравии қимати гази моеъ номбурда гуфт, ин ба нархи муайянардаи кишварҳои содиркунандаи ин навъи маводи сӯзишворӣ вобаста аст.

Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 49 ҳазору 825 тонна гази моеъ ворид гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 17 ҳазору 700 тоннаро ташкил медод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...