Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад

Маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соати 11-и имрӯз дар назди манзили зисташ дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) баргузор мегардад. Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе муаллифи қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ», олими маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. «Ба корҳои тадорукотии дафни олим Академияи улуми […]

Аваз Юлдошев


Маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соати 11-и имрӯз дар назди манзили зисташ дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) баргузор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе муаллифи қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ», олими маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

«Ба корҳои тадорукотии дафни олим Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат машғуланд», – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади академик дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.

М.Бахтӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки рӯзҳои наздик Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми ҷумҳурӣ баҳри абадӣ гардонидани хотираи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ҳукумати кишвар муроҷиат хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.