Ҳаҷми буҷети давлатӣ дар 8 моҳ – беш аз 1,2 млрд. $

spot_imgspot_img

Дата:


Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. 867,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. 232 мл. $)-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷм ба 102%-и нақша баробар аст.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин давра воридоти маблағ аз андоз беш аз 4 млрд. 594,8 млн. сомонӣ ё худ 104,9%-и нақшаро ташкил додаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми ҷамъшудаи боҷи гумрукӣ ба 1 млрд. 732,5 млн. сомонӣ баробар шуда, аз нақша 1,1% бештар аст.

Ҳаҷми умумии маблағҳои воридшудаи ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ муодили зиёда аз 400 млн. сомонӣ ва маблағи бурсҳо – ҳудуди 95 млн. сомонӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати молия зикр карданд, ки нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-августи соли равон аввали даҳаи сеюми ҳамин моҳ ба маълумоти ҳамагон пешниҳод мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ 4 млрд. 818,5 млн. сомониро ташкил дод.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...