Дар Душанбе имкони таъсиси ташкилоти минтақавии соҳаи моҳипарварии Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Date:



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Чин оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа ба кор оғоз кард.





           

Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имкони таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ дар соҳаи моҳипарварӣ гузаронида мешавад. «Таъсиси чунин ташкилот ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа мусоидат намуда, идора, тавсеъа ва рушди соҳаро таъмин хоҳад кард»,- гуфт ӯ.




           

Мулоқот аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил гардида, он то 12-уми ноябр идома хоҳад ёфт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...