Дар Душанбе имкони таъсиси ташкилоти минтақавии соҳаи моҳипарварии Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Чин оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа ба кор оғоз кард.             Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имкони таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Чин оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа ба кор оғоз кард.





           

Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имкони таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ дар соҳаи моҳипарварӣ гузаронида мешавад. «Таъсиси чунин ташкилот ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа мусоидат намуда, идора, тавсеъа ва рушди соҳаро таъмин хоҳад кард»,- гуфт ӯ.




           

Мулоқот аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил гардида, он то 12-уми ноябр идома хоҳад ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.