Ба хотири дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои васоити ахбори умум ва ҳамчунин таъмини ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон, роҳбарони ВАО ва медиа-созмонҳои Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд.
Бино ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, ташкили вохӯрии журналистон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ оид ба далелҳои рафтори номуносиби кормандони сохторҳои қудратӣ бо намояндагони ВАО, аз ҷумла дар тазоҳуроти тоҷирони бозори «Корвон» аз ҷумлаи бандҳои асосии нақша мебошанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳодисаи тазоҳуроти тоҷирони бозори «Корвон» дар пойтахт дастикам 9 амали нақзи ҳуқуқи касбии рӯзноманигорони тоҷик ба қайд гирифта шудааст.
Дар нақшаи чорабиниҳо ҳамчунин баргузории аксияи «100 рӯзи озодӣ дар Тоҷнет», аз ҷумла чоарбиниҳо тариқи он-лайн дар Тоҷнет, рекламаи модулӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рекламаи иҷтимоӣ дар радио ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Созмонҳои медиа доир намудани чорабиниҳои инфиродӣ бо маъмурони интернет-кафеҳо, нашр ва паҳн кардани варақаҳои маърифатӣ, ташкили мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин омодасозии муроҷиати созмонҳои медиа ба Суди конститутсионӣ оид ба масъалаи қатъи ғайриқонунии дастрасӣ ба сомонаҳо дар шабакаи Интерет дар назар аст.



