Тоҷикистон ният дорад, то соли 2015 коркарди нахи пахтаро пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монад

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Конфронси саввуми иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар Берлин доир гашт, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон назди худ вазифа гузоштааст, ки то соли 2015 коркарди нахи пахтаро пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монад. Ғ,Бобозода ҳамчунин […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Конфронси саввуми иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар Берлин доир гашт, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон назди худ вазифа гузоштааст, ки то соли 2015 коркарди нахи пахтаро пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монад.




Ғ,Бобозода ҳамчунин зикр кардааст, ки алюминий ва пахта аз Тоҷикистон аслан чун ашёи хом содирот карда мешаванд, ҳарчанд дар дохили ҷумҳурӣ шароиту имконоти коркарди амиқтари он низ мавҷуд аст. «Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, ҳарчӣ бештар коркарди ашёи хомро дар дохили кишвар роҳандозӣ намояд», – афзудааст ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.