БҶ: Дар Тоҷикистон бар асари кам шудани заминҳои кишт ҳаҷми истеҳсоли пахта коҳиш меёбад

            Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии пешбари Бонки Ҷаҳонӣ Сударшан Канагараҷа изҳор доштааст, ки ҳиссаи нахи пахта дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 9 дарсади соли 2003 дар соли 2007 то ба 2 дарсад поин рафта ва ҳиссаи дигар маҳсулоти бахши кишоварзӣ аз 13 дарсади соли 2004 дар соли 2007 ба 19 дарсад […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии пешбари Бонки Ҷаҳонӣ Сударшан Канагараҷа изҳор доштааст, ки ҳиссаи нахи пахта дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 9 дарсади соли 2003 дар соли 2007 то ба 2 дарсад поин рафта ва ҳиссаи дигар маҳсулоти бахши кишоварзӣ аз 13 дарсади соли 2004 дар соли 2007 ба 19 дарсад боло рафтааст.





           

«Дар Тоҷикистон бар асари кам шудани заминҳои кишт ва ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли пахта коҳиш ёфта, баръакс, аз ҳамин ҳисоб истеҳсоли зироати ғалладона ва сабзавот боло рафтааст», – гуфт.




           

Ба қавли ӯ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши он маҳсулоте таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд, ки аз он даромади хуб ба даст оранд. «Аз ин рӯ, онҳо барои парвариши зироати ғалладона ва сабзавот бештар аҳамият додаву нуриҳои минералиро низ дар он мувофиқи мақсад хароҷот мекунанд», – зикр кард ӯ.




           

Намояндаи Бонки Ҷаҳони ҳамчунин иброз дошт, ки то ҳанӯз хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар интихоби зироати киштмекарда озод нестанд. «Бозори маҳсулоти бахши кишоварзӣ ба қадри кофӣ рушд наёфтааст (бозори дохилӣ маҳдуд аст ва ҳангоми содирот мушкилоти зиёди техникӣ ҷой доранд) ва барои рушду тавсеаи фаъолият дар бахши кишоварзӣ маблағҳои кофии қарзӣ мавҷуд нестанд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.