Гуфтушуниди вакилони парлумони ҷумҳурӣ бо намояндагони Бундестаг

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон як ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи назорати регламент ваа ташкили фаъолияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Азизмат Имомов ба Олмон рафтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин сафар бо даъвати Будестаги Олмон сурат гирифта, дар ҷараёни он […]


Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон як ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи назорати регламент ваа ташкили фаъолияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Азизмат Имомов ба Олмон рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин сафар бо даъвати Будестаги Олмон сурат гирифта, дар ҷараёни он дидору гуфтушуниди ҳайати парлумони Тоҷикистон бо раис ва аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон – Осиёи Марказӣ» ва ҳамчунин роҳбарону аъзои парлумони Олмон оид ба иқтисод ва технология, сиёсати иҷтимоӣ, ҳуқуқ, сиёсати хориҷӣ ва мудофиа дар назар аст.

Интизорӣ меравад, ки ҳайати намояндагони парлумони Тоҷикистонро муовини раиси Бундестаг Эдуард Освалд ба ҳузур хоҳад пазируфт. Ҳамчунин вакилони парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Олмон, аҳзоби сиёсӣ ва доираҳои тиҷоративу молиявии ин кишвар дидору гуфтушунид мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.