Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 9 то 12-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Озарбойҷонро бо шумули 73 нафар вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абулфас Гараев роҳбарӣ мекунад. «Мулоқоти А.Гараев бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назар аст», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар толори намоишгоҳи Осорхонаи таърих ва бостоншиносии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи осори рассомони Озарбойҷон ташкил карда мешавад. «Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанг инчунин вохӯрии оҳангсози озарбойҷонӣ Элдар Мансуров бо омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва мулоқоти нависандаи Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ бо нависандагони тоҷик барпо хоҳад гашт», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки дар театри драмавии русии ба номи Маяковский спектакли «Зани сарватманд», ки аз рӯи песаи Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, намоиш дода хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки ин спектакл дар ҷашнвораи байнулмилалии театрии чанде қабл баргузоршуда соҳиби ҷоизаи тилло гашта буд.
Зикр гардид, ки ҳамчунин консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Озарбойҷон низ баргузор мешавад.


