Аввали ҳафтаи равон сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк мулоқот барпо намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот Н. Шамсов оид ба масъалаҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ҷонибҳо ва пайгирии натиҷаҳои Машварати дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону ИМА, ки моҳи майи соли 2012 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Вашингтон барпо гардид, изҳори назар кард.
Роберт Блейк қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муҳими Осиёи Марказӣ барои Штатҳои Муттаҳида аҳамияти хос дорад. Ёвари Котиби Давлатӣ натиҷаҳои Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон дарДушанбе (RECCA V)-ро баланд ва саривақт арзёбӣ кард. Ӯ нақши Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари шарик ва ҷонибдори суботу амният дар Афғонистон муассир номид. Дипломати амрикоӣ оид ба натиҷаҳои сафари охирини худ ба Осиёи Марказӣ ва барпо намудани Машварати дуҷонибаи сиёсӣ бо ӯзбекистон ва Қазоқистон маълумот дод.
Ҷонибҳо оид ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш миёни ду кишвар ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир, таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба воридшавии кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, идомаи муколамаи созанда ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон ва ғайра табодули назар анҷом доданд.