Иштироки театри Маяковский дар ҷашнвораи «Ҷаҳони Исобеков»

Гурӯҳи ҳунарии Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар ҷашнвораи якуми байнулмилалии театрии «Ҷаҳони Исобеков» (Мир Исабекова) иштирок мекунад. Ин ҷашнвора аз 10 то 17-уми октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов хабар дод, гурӯҳи ҳунармандони театри Маяквский бо спектакли «Транзитный пассажир» дар таҳияи […]

Маҳпора Киромова


Гурӯҳи ҳунарии Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар ҷашнвораи якуми байнулмилалии театрии «Ҷаҳони Исобеков» (Мир Исабекова) иштирок мекунад. Ин ҷашнвора аз 10 то 17-уми октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов хабар дод, гурӯҳи ҳунармандони театри Маяквский бо спектакли «Транзитный пассажир» дар таҳияи Ҳунарешаи шоиста Тоҷикистон Мунира Додобоева ба ҷашнвора мераванд.

Ба гуфтаи вай, соли гузашта муаллифи пйеса мазкур Дулат Исобеков дар нахустнамоиши спектакли «Транзитный пассажир» дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба заҳмати коргардон баҳои шоиста дод.

Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи мазкур ба ҷашни 70-умин солгарди драматурги маъруфи қазоқ ва Дорандаи Ҷоизаи давлатии Қазоқистон Дулат Исобеков бахшида шудааст.

Фаъолияти Театри драмавии русии ба номи Маяковский моҳи ноябри соли 1937 оғоз гардида, соли 1940 ба он номи В.Маяковский гузошта шуд. Дар муддати тамоми фаъолият дар ин театр ба сурати умум беш аз 400 спектаклҳо дар мавзӯъ ва жанрҳои гуногун рӯйи саҳна омадаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.