Нисфи ҳосили имсолаи пахта ҷамъоварӣ шуд

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 194 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 48%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар дод, айни замон дар вилояти Хатлон ҳудуди 112 ҳазор тонна, вилояти Суғд – зиёда аз 72 ҳазор тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ – […]


То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 194 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 48%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар дод, айни замон дар вилояти Хатлон ҳудуди 112 ҳазор тонна, вилояти Суғд – зиёда аз 72 ҳазор тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ – ҳудуди 10 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон бинобар сабаби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта ба муддати як моҳ дер афтод. Соли гузашта кишоварзони тоҷик аз иҷрои нақша аллакай 16-уми октябр мужда дода буданд.

Соли ҷорӣ дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд. Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.