Дар Вена дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуд . Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро инчунин намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуд

.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро инчунин намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия муаррифӣ намуданд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена И. Насреддинов ҳамчунин дар ҷаласа ширкат варзид.

 Ҳайати Австрияро мудири кулли Раёсати муносибатҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федеративии иқтисод, оила ва ҷавонон Франс Вессиг роҳбарӣ намуд. Ба ҳайати Австрия ҳамчунин намояндагони вазорату муассисаҳои ин кишвар шомил шуда буданд. Инчунин дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои австрягие, ки дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва сохтмон фаъолият доранд, ҳузур доштанд.

 Ба рӯзномаи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштарак масълаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, тандурустӣ, туризм, стандартизатсия, бехатарии ҳуҷҷатҳо ва ҳукумати электронӣ, инчунин масоили муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ворид шуда буданд.

 Зимни ҷаласа роҳбарон ва аъзоёни ҳайатҳои Тоҷикистону Австрия оид ба масъалаҳои зикршуда мубодилаи афкор намуданд.

 Дар анҷоми кор протоколи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ба имзо расонида шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия каме бештар аз 2,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23% камтар мебошад. Ин ҳаҷм пурра ба воридоти маҳсулот аз Австрия рост меояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.