Боздошти тоҷикон дар Ботканд ба ҷурми қочоқи сӯзишвории дизелӣ

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ба гумони даст доштан дар қочоқи сӯзишвории дизелӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора бо такя ба сарчашма дар ВКД хабаргузории КирТАГ-и Қирғизистон иттилоъ медиҳад. «Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар яке аз роҳҳои самти Тоҷикистон ду автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130» боздошт гардида, зимни санҷиш маълум шудааст, ки ронандагон барои […]


Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ба гумони даст доштан дар қочоқи сӯзишвории дизелӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора бо такя ба сарчашма дар ВКД хабаргузории КирТАГ-и Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар яке аз роҳҳои самти Тоҷикистон ду автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130» боздошт гардида, зимни санҷиш маълум шудааст, ки ронандагон барои ҳамлу нақли 14,4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ҳуҷчатҳои дахлдор надоранд», – гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки айни замон аз рӯйи далели қочоқи сӯзишвории дизелӣ тафтишот ҷараёндорад.

Ҳамчунин хабаргузории CA-NEWS иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин вилоят, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду автомашинаи боркаше боздошт шудаанд, ки бо 47 тонна семент ба Тоҷикистон раҳсипор будаанд. «Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои онҳо низ маълум шудааст, ки онҳо бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бор ба сафар баромадаанд», – хабар медиҳад манбаъ.

Аз рӯйи ин далел сокини 33-солаи деҳаи Орто-Сой Т.Т. ва сокини 43-солаи деҳаи Тош-Тумшуқ Т.Т. боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.