Таваҷҷуҳи ширкатҳои энергетикии Аврупо ба лоиҳаҳои Тоҷикистон

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкати «KONCAR»-и Хорватия ва ширкати энергетикии «GOZUM»-и Туркия баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон оиди вазъи иқтисодию ичтимоӣ, фазои сармоягузорӣ, захираҳои обии энергетикӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод. Ба иттилои манбаъ, роҳбарони ширкатҳои […]


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкати «KONCAR»-и Хорватия ва ширкати энергетикии «GOZUM»-и Туркия баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон оиди вазъи иқтисодию ичтимоӣ, фазои сармоягузорӣ, захираҳои обии энергетикӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарони ширкатҳои мазкур ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуданд ва моҳи оянда нияти сафар ба Тоҷикистон намуданд.

Қобили зикр аст, ки ширкати энергетикии «KONCAR»-и Хорватия соли 1921 таъсис ёфта, тақрибан 4000 коргар дорад. Ширкати мазкур ба 100 кишвари дунё солона ба маблағи 320 млн. Евро маъсулот истеҳсол менамояд.

 Ширкати энергетикии «GOZUM»-и Туркия соли 1980 таъсис ёфта, дар соҳаҳои энергетика, туризм, сохтмон ва сармоягузорӣ фаъолият менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.